Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» .
То расидан ба финал Лоиқ Қудбиддинов варзишгарон аз Туркманистон, Мекиска, Қазоқистон ва Узбекистонро мағлуб намуд. Дар финал варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов аз намояндаи ҷопон Ямато Фукута мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 534 варзишгар (292 мард, 242 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони то 21-сола иштирок менамоянд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар қувваозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) рақобат менамояд. Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори аввал дар сабқати даставии омехта иштирок менамояд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
Акс: ТВ Варзиш