Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ намоиши ҷашнии муштараки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 8 намунаи гуногуни китобҳои нодири дастнавис, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, оини сарварӣ, давлатсолорӣ ва сиёсатмадорӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамзамон нусхаи сертификатҳои аслие, ки ворид шудани унсурҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик, аз ҷумла «Шашмақом», «Саразм», «Наврӯз», «Оши палав», «Чакан», «Фалак», «Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ», «Латифаҳои Хоҷа Насриддин», «Атлас ва адрасбофӣ», «Куллиёти Мавлоно» ва «Санъати тазҳиб»-ро ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон