1 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Давлати Кувайт оид ба самти сайёҳӣ Усома Ҳамад ал-Михёл доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ байни ниҳодҳо ва ширкатҳои сайёҳии ду давлат, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон