08.02.2023. Имрӯз дар бинои Кумитаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар соли 2022 баргузор гардид.
Баъд аз сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид маърӯза дар бораи натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои кумита дар соли гузашта қироат карда шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Шӯрои бадеии Кумита беш аз 160 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад, инчунин, 170 ролику лавҳа ва зиёда аз 60 оҳангу суруди навро, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии Кумита бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ пешниҳод гардида буд, баррасӣ намуда, такмил дод. Ҳамчунин шӯрои таҳририяи Кумита дар соли 2022 матни 80 барномаи калонҳаҷми ҷашнӣ, филмҳои мустанад ва намоишҳоро таҳрир, такмил ва баррасӣ намуд.
Оид ба рафти татбиқи “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” зикр шуд, ки дар доираи банди 1-и Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вобаста ба омода намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон нақшаи пешбинишуда (тибқи нақша 70 нафар) беш аз як баробар иҷро гардид. Дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” 20 машғулияти омўзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо беш аз 200 нафар кормандони соҳа аз такмили ихтисос гузаронда шуданд. Ҳамзамон, тибқи Барнома дар нимсолаи 2-юми соли 2022 17 барномаи таълимӣ барои омода намудани журналистони соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо олимону донишмандони муассисаҳои олии таълимии мамлакат тибқи стандартҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки минбаъд омода намудани рўзноманигорони соҳавӣ аз рўйи барномаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша дар соли 2023 барои ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ дар самти таҳияи филмҳои аниматсионӣ 4 корманд ва 6 нафар барои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи телевизон ва радио ба хориҷи мамлакат сафарбар карда мешаванд.
Вобаста ба фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ хабар дода шуд, ки дар соли 2022 аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар давраи ҳисоботӣ 55 филми ҳунарӣ (бадеӣ), 198 филми мустанад, 54 филми илмӣ-оммавӣ, 311 қисм силсилафилм (сериал) ва 42 филми тасвирӣ (аниматсионӣ) таҳия, тарҷума, дубляж ва манзури бинандагон гардонда шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 25 филми ҳунарӣ, 168 филми мустанад, 24 филми илмӣ-оммавӣ, 111 қисм силсилафилм ва 2 филми тасвирӣ зиёд аст.
Дар бораи фаъолияти шабакаҳои радиоии мамлакат иттилоъ дода шуд, ки Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он дар соли 2022 9914 барнома ва 67500 хабару гузориш тақдими шунавандагон намуданд. Дар ин давра аз идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» беш аз 58 барномаи мустақими таҳлиливу танқидӣ таҳия гардид, ки аз ин шумора ба 21 барнома аз ҷониби масъулини вазорату идораҳо вокуниш нишон дода шуд. Бино ба пайгирии рўзноманигорони идора пас аз нашри барномаи танқидӣ, масъулини вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳо бидуни ирсоли мактуб ё раддия мушкилоту камбудиҳояшонро бартараф намуданд.
Бо мақсади таҳкими потенсиали техникии инфрасохтори истеҳсол ва пахши шабакаҳои радиотелевизионӣ тибқи бандҳои 7 ва 8-и марҳилаи дуюми барнома соли 2022 ҷиҳати пешбурди кор барои кормандони “Телевизиони Тоҷикистон” 7 танзимгоҳи пуриқтидор, 9 камераи наворбардорӣ, 2 чархболи сабткунанда (коптер) ва барои мухбирони минтақавӣ 2 танзимгоҳ ва 2 камераи наворбардорӣ дастрас гардидааст. Дар ин давра барои нигоҳдории маводи “Телевизиони Тоҷикистон” як адад таҷҳизоти замонавии системаи бойгонӣ бо ғунҷоиши 336 Тб харидорӣ ва насб карда шудааст.
Ҳамзамон дар соли 2022 дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 тибқи нақша 27 фиристандаи гуногуниқтидорӣ рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд. Ҳамин тариқ, марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 пурра амалӣ гардида, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 81,26% расонида шуд.
Дар баробари ин, аз 1 апрели соли 2022 Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамчун воҳиди сохтории Кумита ба фаъолият шурўъ намуд, ки хароҷоти он, аз ҷумла харидорӣ ва насбу васли дастгоҳу таҷҳизоти он пурра аз ҳисоби Кумита ва воҳидҳои сохтории он амалӣ гардидааст.
Дар нишаст намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оид ба дигар паҳлӯҳои фаъолияти кумита ва сохторҳои он посух гирифтанд.
Иброҳим Аҳмад
Котиби матбуоти Кумита