Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба хотири рушди ҳунари армуғонсозӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд озмуни телевизиониро таҳти унвони «Армуғон» пешниҳод менамояд.
– Ба озмун маҳсулот ва ашёе бояд пешниҳод карда шавад, ки тавассути заҳмати даст бо сатҳу сифати баланд ва зебою ҷолиб омода шуда бошад.
– Синни иштирокчиёни озмун аз 18 сола боло муқаррар гардидааст.
Ғолибонро аъзои ҳакамон муайян месозанд.
Раванди сохтан ва маҳсули эҷоди ҳунармандон тавассути телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиш дода шуда, ба ғолибон дар чорабинии тантанавӣ ифтихорнома ва мукофотҳои пулию молӣ супорида мешавад.
Иштирокчиён маҳсули кори дастии худро метавонанд тавассути почтаи электронии tv.sayohi@gmail.com инчунин ба воситаи Ватсап ва Телеграм бо рақами телефони 88 833 38 21 равон намоянд. Маълумоти бештарро тавассути сомонаи интернетии шабака www.tvsayohi.tj ва ё бо рақами телефони +992 (37) 225 46 70 метавонед дастрас намоед.