Вазирони нақлиёти Тоҷикистон, Чин ва Покистон дар Пекин масоили соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ намуданд

Дар доираи Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бо вазири нақлиёти Чин Ли Сяопен, вазири федералии коммуникатсияи Покистон Абдул Алим Хон ва Директори департаменти нақлиёт ЭСКАТО Веймин Рен мулоқот намуда, масълаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба фаъолияти комиссияҳои корӣ, лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, дастрас намудани рухсатномаҳо барои боркашонии байналмилалӣ ва бунёди нуқтаҳои хизматрасонии тахникии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Яке аз натиҷаҳои назарраси Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин – қабули Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили механизми мулоқоти вазирони нақлиёти «Чин – Осиёи Марказӣ» буд. Он барои талошҳои оянда дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, рушди логистика ва таъмини ҳаракати самараноки молҳо ва одамон дар минтақа асос мегардад.

Соли 2023 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор эълон кардани 26 сентябр, баргузории Даҳсолаи нақлиёти устувори Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Конфронси сеюми ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор қатъномаҳои муҳим қабул намуд.