Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиат дар мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо директори Осорхонаи таърихи табиати Британияи Кабир Дуглас Гурр дар Лондон баррасӣ шуданд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, омода намудани мутахассисони табиатшинос мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, энергияи «сабз», ки вобаста ба ин мавзуъҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон экспозитсияҳои доимӣ фаъолият доранд, муаррифӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки шуруъ аз соли 2017 дар Осорхонаи миллӣ ва берун аз он силсиланамоишҳои сайёр бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар осорхонаҳои қаламрави мамлакат ба роҳ монда шуд.
Инчунин ба таври мунтазам оид ба «Тоҷикистон-мамлакати обҳои мусаффо» экскурсияҳои мавзуӣ баргузор мегарданд.
Дар робита ба ин масъала дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ толори «Пиряхҳои Тоҷикистон» ва гӯшаи мусаввараҳои эҷоднамудаи наврасон бо номи «Фалсафаи об» фаъол мебошанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон