Намоядагони Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар Гурҷистон иштирок намуданд

27 сентябр дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (World Tourism Day — 2024) ҳамоиш доир  гардид, ки дар он намояндагони  Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба  АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар  доираи ҳамоиши мазкур  бо намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бахши сайёҳӣ вохӯрӣ намуд.

Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили зимни вохӯрӣ бо Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки моҳи декабри имсол бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос мешавад.

Ҳамчунин намоядагони Тоҷикистон бо масъулони дигар донишгоҳҳои сайёҳии хориҷӣ низ вохӯрӣ намуданд.