НАЗМИ ОЛАМГИРИ МАВЛОНО. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид

27 сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маҳфил аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ шеъру сурудҳо пешниҳод гардиданд.

Гуфта шуд, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мавлонои Балхӣ дар ҷаҳони Шарқу Ғарб бо назми оламгир маъруф гашта, шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинӣ бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъди гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддин буда, тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Шоир соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон давоми солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.