Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон (1 октябр) зиёда аз 100 нафар нафақахӯрону маъюбони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз пойтахт ба сайри шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар доираи ин сайр иштирокчиён мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисорро дар шаҳри Ҳисор тамошо намуда, дар гӯшаҳои осорхонаи Қалъаи Ҳисор бо урфу одат, расму ойини қадимӣ ва анъанаҳои миллӣ шинос шуданд.
Таъкид шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ мавқеи махсус дорад. Дар ин радиф барои таъминоти иҷтимоии пиронсолон ҳамчун гурӯҳи осебпазири ҷомеа ва сармояи бебаҳои инсонии миллат, ки ба таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии молиявӣ, тиббӣ ва маънавӣ ниёз доранд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Дар фарҷоми чорабинии сайёҳӣ аз ҷониби шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангиву фароғатӣ намоиш дода шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон