Дар намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» дар Осорхонаи Британия ёдгориҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Ёдгориҳои Тоҷикистон дар доираи намоиши «Роҳи бузурги Абрешим», ки аз 26 сентябри соли 2024 то 23 феврали соли 2025 дар Осорхонаи Британия баргузор мегардад, муаррифӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар медиҳад.

Аз фонди Муассисаи Давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VI — VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон ва Вахш бозёфт гардидаанд, дар қисмати марказии намоишгоҳ гузошта шудаанд.

Мавриди таъкид аст, ки ин нахустин намоиши осорхонавии мероси антиқаи Тоҷикистон дар шаҳри Лондон мебошад. Омӯзишу таҳқиқоти бешумор исбот намудаанд, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони Тоҷикон — Суғдиёну Бохтариён дар шоҳроҳи бузурги Абрешим нақши муассир дошта, пайвандгарони Шарқ ва Ғарб будаанд.

Аз ҷумла, забони суғдӣ забони муоширати байналмилалии ин шоҳроҳ ба ҳисоб мерафт.