Дар Душанбе бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конференсияи илмӣ-таърихӣ баргузор гардид

Дар Душанбе бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон  таҳти унвони «Аҳамияти таърихии Ғалаба дар Ҷанди дуюми ҷаҳон, солҳои 1941-1945» конференсияи байналмилалии илмӣ-таърихӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша ғамхорӣ намуда, корнамоию ҷоннисории онҳоро ҳам дар хати пеши фронт ва ҳам дар ақибгоҳ пайваста қадршиносӣ менамояд.

«Дар солҳои 1941-1945 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба майдони ҷанг рафтаанд. Аз ҷумла, беш аз 92 ҳазор дар майдонҳои муҳориба ҳалок шуданд, ки номи онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад»,-баён дошт Дилрабо Мансурӣ

Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поси хотири иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамасола чунин чорабиниҳои гуногун  баргузор мегарданд.

«Фиристодагони Тоҷикистон дар дифои қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол, Москва, рахна намудани муҳосираи Ленинград, муҳорибаҳои Курск, инчунин поксозии Беларус, давлатҳои назди Балтика, Полша ва ғайра аз истилогарон саҳми фаъол гузоштаанд»,- иброз шуд дар ҳамоиш.

Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ҷоннисорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 22 собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди ҳаёт мебошад.

Аз ҷумла, 3 нафар дар шаҳри Душанбе, 5 нафар дар Суғд, 9 нафар дар Хатлон ва 5 нафар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд.

Дар ҳамоиш намояндагони Шурои ҳамоҳангсозии Иттифоқи байналмилалии «Иттиҳоди ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои мустақил», Кумитаи робитаҳои ҷамъиятӣ ва сиёсати ҷавонони Ҳукумати шаҳри Москва, Ташкилоти ҷамъиятии муттаҳидаи собиқадорони Беларус, Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди собиқадорони Ҷумҳурии Арманистон» ва Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин ҳамоиш имрӯз иштирокчиён дар Боғи Ғалаба- дар назди «Оташи ҷовидон» ва «Ёдгории Ғалаба» гулчанбар гузоштанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»