Тоҷикистон бениҳоят ба ман писанд омад, хусусан шаҳри Душанбе, ки хеле тозаю озода ва зебову назаррабо аст. Бо сокинони меҳмоннавози пойтахти тоҷикон ҳамсуҳбат шуда, аз шунидани лафзи ширину форамашон лаззат бурдам. Сари ҳар қадам нишоне аз таъриху фарҳанги муштарак доштани тоҷикону эрониҳоро дидам. Дар ин шаҳр ҳама чиз бароям ошност. Обу ҳаво, кӯчаю хиёбон, гулгаштҳои сабзпӯш ва мардумони самимиашро дӯст доштам. Ҳамин аст, ки мо, эрониён дар ин ҷо ғариб будан ва бегонагиро эҳсос намекунем. Чунин иброз намуд иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Соро Аҳмадӣ аз Маркази машваратӣ барои эрониён дар хориҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Соро Аҳмадӣ мегӯяд, ки тоҷикону эрониёнро забону фарҳанг ва урфу одатҳояшон ба ҳам пайванд мекунанд. «Фикр мекунам, ки мо аз як хонавода ҳастем, ки имрӯз ин намоишгоҳ моро канори ҳам ҷамъ намуд», -иброз дошт ӯ.
Соро Аҳмадӣ гуфт, ки ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳ ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷик аст. «Мо тавассути иштироки худ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 метавонем меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Ба ин восита шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бештар ба Тоҷикистон оянд ва манзараҳои нотакрори ин мамлакати зеборо тамошо намоянд».
Ёдовар мешавем, ки нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) беш аз 110 ширкати сайёҳӣ, ҳунармандон ва намояндагони 16 давлат иштирок доранд.
Дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.
DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»