«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар давоми 3 сол 8 858 нафар иштирок намудааст

Аз давраи оғози Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», яъне аз соли 2020 то 2022 дар он 8 858 нафар иштирок намуда, маҳорат санҷиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 миллиону 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 210 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бори нахуст бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 баргузор гардида буд. Имсол маротибаи чорум аст, ки ин озмун бо назардошти тағйирот ба низомномаи он баргузор карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Тавре дар боло таъкид намудем, дар даври якуми озмуни мазкур соли 2020- 2493, соли 2021- 2991 ва соли 2022- 3374 нафар иштирокчиён аз тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолона иштирок намуданд.

Соли 2020 новобаста ба COVID-19 Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда шуд

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври якуми озмун тибқи нақша аз 25 июл оғоз шуда, 3 сентябри соли 2020 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда шуд. Ҳамагӣ дар даври якуми озмун дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2493 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 713 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 713 нафари ба даври дуюм роҳхатгирифта 414 нафар сароянда, 257 нафар навозанда ва 42 нафар композитор (оҳангсоз) буданд.

Даври якуми озмун новобаста аз он ки дар шароити шиддатёбии бемории сироятии COVID-19 ва ҷорӣ гардидани чораҳои маҳдудкунанда дар мамлакат сурат гирифт, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сатҳи муносиб баргузор карда шуд.

Даври дуюми озмун тибқи тартиби муқарраргардида дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ муваффақона доир шуд, ки дар он 713 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 146 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 68 нафар сароянда, 58 нафар навозанда ва 20 нафар композитор (оҳангсоз) буданд.

Даври сеюм аз 9 то 12 ноябри соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Мутобиқи низомномаи озмун, ба 82 нафар ғолибон бо шумули Шоҳҷоиза мукофот муқаррар гардид. Вале бо қарори ҳайати ҳакамон аз 146 иштироккунанда 66 нафар (26 навозанда, 27 сароянда, 12 композитор, 1 шоҳҷоиза) ба ҷоизаҳо сарфароз шуда, бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон ба 12 нафар мукофоти ҳавасмандкунӣ дода шуд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли 2021 озмун тибқи муқаррароти низомнома дар се давр баргузор ва бо муваффақият ҷамъбаст гардид.

Даври якуми озмун 12 май оғоз гардида, 23 июни соли 2021 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир карда шуд. Дар он 2991 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон дод, ки иштироки довталабон дар қиёс ба соли гузашта 498 нафар зиёд будааст.

Даври дуюми озмун тибқи тартиби муқарраргардида аз 26 июл оғоз гардида, 12 августи соли 2021 дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд. Аз 1317 нафар довталаб 314 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 159 нафар дар номинатсияи сарояндагӣ, 122 нафар дар навозандагӣ ва 33 нафар дар композиторӣ иштирок карданд.

Даври ниҳоӣ аз 8 то 13 ноябри соли 2021 доир гардид. Тибқи тақсимоти синнусолӣ аз 12 то 17-сола 124 нафар ва аз 18 то 40-сола 190 нафар иштирок намуданд, ки аз ин теъдод 79 нафар бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2022

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, соли 2022 даври якуми озмун аз 10 май оғоз гардида, 14 июни соли 2022 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он 3374 нафар довталабон иштирок намуда, аз ин теъдод 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки иштироки онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 нафар зиёд мебошад.

Даври дуюми озмун тибқи тартиби тасдиқшуда аз 25 июл то 18 августи соли 2022 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз 1323 нафар довталаб, ки дар даври дуюми озмун иштирок намуданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Даври ниҳоӣ аз 19 то 24 октябри соли 2022 дар толорҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов баргузор гардид. Дар он аз 316 довталаб 296 нафар (номинатсияи композиторӣ — 18 нафар, номинатсияи сарояндагӣ — 153 нафар, номинатсияи навозандагӣ — 125 нафар) иштирок намуда, 20 нафар бо сабабҳои мухталиф иштирок накарданд.

Тибқи тақсимоти синнусолӣ, ки дар низомнома муқаррар шудааст, дар даври сеюм довталабони аз 12 то 17-сола 145 нафар ва аз 18 то 40- сола 151 нафар иштирок намуданд. Аз ин теъдод 77 нафар (шаҳри Душанбе- 33 нафар ва 3 Шоҳҷоиза, дар маҷмӯъ 36 нафар), Хатлон- 19 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 6 нафар, Суғд 14- нафар, ноҳияи тобеи марказ- 2 нафар) бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Тибқи муқаррароти низомнома, омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17 – сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин асос 30 нафар омӯзгорон бо мукофотпулӣ сарфароз гардида, бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон 30 нафар довталабон бо мукофоти ҳавасмандкунӣ- 2000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар маҷмӯъ, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир гардида, дар саросари ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт ва ҳазорон нафар ҷавонону наврасони боистеъдодро ҷалб намуд, баҳри дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, пайдо намудани асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва рушди санъати миллӣ мусоидат менамояд.

Имсол маротибаи чорум аст, ки ин озмун бо тағйирот ба низомномаи он баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат барои соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»