Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тақвият меёбад

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти аъзои кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон  бо намояндагони барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо барои вусъат ва тақвияти ҳамкорӣ  изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи вохӯрӣ аз муаррифии барномаҳои агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи ҳамкорӣ бо Парлумон ва муҳокимаи самтҳои фаъолияти муштарак бо кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иборат буд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи пешниҳоду ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва бо сифат таъмин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки ин вазифаҳо аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Парлумони мамлакат талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ барои қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Дар ин замина вакилон ва иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба Маҷлиси Олӣ  пешниҳод намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои тақвият бахшидани фаъолияти Парлумони ҷумҳурӣ усулҳои муосири ҳуқуқэҷодкунӣ ва технологияҳои рақамиро  дар фаъолияташон истифода намооянд.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби барномаҳои  Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» вобаста ба дастгирӣ намудани вакилони кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани иқтидори мушовирон, инчунин навсозӣ ва такмили сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ карда шуд.