Конфронс оид ба “Дарки таъсири тӯфонҳои гарду ғубор бар пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифз ва ҳамкорӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

Дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе  Ҷаласаи минтақавии “Дарки таъсири тӯфонҳои гарду ғубор бар пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифз ва ҳамкорӣ” баргузор шуд.

Дар кори конфронс намояндагон ва муҳаққиқон  ширкат доштанд.  Конфронси  мазкур дар доираи Даҳаи Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор, ки тавассути СММ барои солҳои 2025-2034 эълом шудааст баргузор гардид. 

Ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APDIM) ташкил карда шуд. Дар кори конфронс намояндагон ва муҳаққиқон аз кишварҳои узви Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APDIM), Маркази байналмилалии рушди якпорчаи кӯҳистонӣ (ICIMOD), нозирон ва намояндагони созмонҳои гуногуни ҳукуматӣ ва байналмилалӣ аз кишварҳои Бангладеш, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Покистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.  Конфронсиро   бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  оғоз бахшид. Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти таъсири тӯфонҳои гарду ғубор ва динамикаи обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.