Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмиии номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайни озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор шуд.
Мақсади баргузори озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ арзёбӣ мегардад.