Дар Кохи Суруш даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “ТАРАННУМИ ВАТАН” баргузор гардид

Дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “ТАРАННУМИ ВАТАН” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” роҳандозӣ гардида, мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди кишвар, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мебошад.