Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд

Ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони вилояти Суғди Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии атлас ва адрас, ки бо ташаббуси Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ва ҳокимияти вилояти Фарғона дар шаҳри Марғелони Узбекистон баргузор гардид,  иштирок намуда, бо дипломи Фестивал сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки  дар Фестивали байналмилалии атлас ва адрас ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони беш аз 30 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок карда, либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони вилояти Суғд дар се гӯшаи калони фестивал либосҳои адрасу атласро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоиши мӯд низ либосҳои миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи тамошобинонро бештар ҷалб намуд. Тарроҳон ва ҳунармандони тоҷик сазовори дипломи Фестивали байналмилалии атласу адрас гардиданд.

Дар Фестивали байналмилалии атласу адрас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан намуд.