Имрӯз дар доираи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Иштирокчиёни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ суханронӣ ва табодули андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушди бесобиқа ёфта, зарфияти сайёҳии мамлакат дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
«Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат буда, сатҳу сифати хизматрасонии субъектҳои сайёҳӣ дар он на танҳо дар рушди соҳа, балки дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи дастовардҳои мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ нақши ҳалкунанда мебозад»,- таъкид намуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода.
Бо таваҷҷуҳу талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2018 шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) гардида, тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона ворид гардид.
Аз 3 октябри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шурои вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар давлатҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
АКС: шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе