Ба 40 зани ҳунарманд гранти Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд

Ба 40 зани  ҳунарманди шаҳри Хуҷанд бо маблағи 165 ҳазор сомонӣ  гранти Раиси шаҳр тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Имрӯз занони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар руҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.

Ба тасвиб расидани фармон ва барномаҳои давлатӣ аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ба беҳбуди минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд.

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои занони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешаванд. Имсол низ 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъсиси грантҳои президентӣ ва гранти раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат бобати фароҳам овардани ҷойи кор барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.