Пагоҳ дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас баргузор мегардад

Пагоҳ, 22 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матоъҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси ватанӣ ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни тарроҳони ҷавон ва чирадастони моҳир доир мегардад.

Фестивал сабаби густариши фарҳанги миллӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардум хоҳад шуд.