Омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Фирдавсӣ Гулнора Сулейманова дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун 19-20 сентябр доир гардида, дар он байни иштирокдорон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир шуд.
Ғолиби даври шаҳрии озмун дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе