Мавсими 87-уми театрӣ бо операи «Рӯдакӣ» оғоз гардид

19 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мавсими 87-уми театрӣ бо операи «Рӯдакӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин театр хабар доданд.

Операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ» ин навбат бо коргардонии Сӯҳроб Усмонов бо назари нав  пешкаши тамошобин гардид. Коргардон бо услуби махсус ҳунармандонро ба нақшофарӣ дар ин намоиш ҷалб намудааст.

Ишқ ва назм, зебоӣ ва макру фиреб дар сужет ва рангорангии эҳсосоти ҳунармандон печутоби рӯзгор ва тақдири душвори шоири бузургро инъикос кардаанд.

Бояд гуфт, ки намоиш аз соли 1976, ки аввалин бор рӯйи саҳна омада буд, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид. Он аз тарафи мунаққидон сазовори баҳои баланд гардида, то имрӯз аз саҳнаи театр дур нашудааст.

Дар назар аст намоиши нави операи «Рӯдакӣ» аз 22 то 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд манзури тамошобинон гардад.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши операи «Рӯдакӣ» дар таҳияи нав ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) ва 95-солагии Шарофиддин Сайфиддинов бахшида шудааст.

Аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз   дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу  нимпайкараҳои Абӯабдулло  Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона  ва маҳфили шеърхонӣ,   дар факултаҳои филологии донишгоҳҳои мамлакат, муассисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, ҳамоишу машварат ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.

Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб шуда, нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф гардидааст. Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.