Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ: омӯзгори фанни физикаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Меҳрангези Аслиддин, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Фирдавсӣ Гулнора Сулейманова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур Шукрона Атоева ва омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Некбахт Ҳасанов иштирок менамоянд.
Тибқи тартиб, қисмати амалии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» аз Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун ба Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе рафтанд.
Довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе