Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир шуд

 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фестивал иброз гардид, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикос ёфтааст. Ва бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.

Мақсад аз баргузории Фестивали атласу адрас арҷ гузоштан ба либоси миллӣ,  баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу адрас, инчунин тарғиби  санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар доираи баргузории фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардид.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивал аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо «Диплом», «Сипоснома»  ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Даври шаҳрии фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимӣ,  кӯдакона,  рӯзмарра,  либосҳои идона ва намоиши либосҳои расмӣ иборат буда, аз ҷониби занону духтарон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд.