Соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
14 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Дар ҷаласаи шуро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки қаблан бо номи Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъруф буд, 26 майи соли 1995 таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таъсиси ин шуро аъзои он мебошад.
Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар давлатҳои гуногун доир мешаванд. Тоҷикистон соли 2019 мизбони ин шуро гардида буд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон