Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷонибаро баррасӣ намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари барномаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод Рето Вайерманн ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи барномаи «Роҳбурди Швейтсария дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2025» изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Инчунин вохӯрии ҳайати шаҳрдорӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо мудири иҷроияи «Бунёди муколамаи Пердана»-и Малайзия Рафӣ Юсуф баргузор карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бунёди мазкур дар бахшҳои инфрасохтори шаҳрсозӣ, технологияи рақамӣ, ҳушмандсозии идораи шаҳрдорӣ, тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карда шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе