12-14 сенябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми 10-уми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷмуҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд.
Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар форум роҳбарони ҳайатҳо ва ходимони намоёни фарҳанг аз 80 давлати олам иштирок намуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум дар мавзуи «Нигоҳи ояндаи ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ» маъруза пешниҳод намуд.
Ҳамчунин коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи фарҳанг ва ҳунар сухан гуфтанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон