Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид

Дар намоиши ҷумҳуриявӣ, ки  таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, беш аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи    миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани  кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод, намоиши ҷумҳуриявии «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик»  бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 ба муносибати ворид гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ доир шуд.

Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ   Зафаршо Иброҳимзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар  Одилзода ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон сухан намуданд.

Ҳамзамон дар намоиш сафирони фавқулода ва мухтори  Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Фаронса, Фаластин, Покистон, Беларус дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе,  ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки зиёда аз 15 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошта, ба монанди атласу адрасбофӣ, гаҳворасозӣ, муҳракашӣ, попурзанӣ, қуроқдузӣ, шерозабофӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ,  сабадбофӣ, кордсозӣ ва ғайра аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё зинда иҷро гардиданд, ки ин диққати меҳмонону тамошобинонро бештар ҷалб намуд.

Дар анҷом ҳунармандон барои  саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъол дар намоиши ҷумҳуриявии «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» бо Сипосномаи Осорхонаи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.