Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир намуд. Ҳамзамон 15 сентябр бо ташаббуси Сафорат бинои меҳмонхонаи Шератон Гранди Давҳа бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш вазирону роҳбарияти аршади сохторҳои давлатии Қатар, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, соҳибкорон, воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Қатар иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик мебошад. Имрӯзҳо Тоҷикистон бо шарофати заҳмату талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона рушд меёбад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон