Ҳоло яке аз лоиҳаҳои калонтарин барои ноҳияҳои водии Рашт – бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод татбиқ шуда истодааст, ки шоҳроҳи байналмилалӣ буда, сохтмони он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ шоми 13 сентябр дар тантанаи идона ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт.
Лоиҳаи мазкур, инчунин, сохтмони пули бузурги 920-метрӣ аз болои обанбори «Роғун» ва роҳҳои ба он васлшавандаро дар бар мегирад, ки то имрӯз корҳои лоиҳакашии он анҷом ёфтаанд. Корҳои ин марҳала охири ҳамин сол оғоз мегарданд ва дар муддати ду – дуюним сол ба анҷом расонида мешаванд.
«Ба истифода додани ин роҳ ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулот ва рафтуомади мусофиронро байни ноҳияҳои водии Рашт ва маркази ҷумҳурӣ дар чор фасли сол таъмин карда, ба рушди истеҳсолот ва хизматрасонӣ, бахусус, сайёҳӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳаммияти бисёр муҳим дорад. Барои амалӣ намудани қитъаи якуми ин лоиҳа қариб 2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ ҷалб гардидааст. Қитъаи якум бунёди зиёда аз 30 километр роҳ, 5 пули нав ва таҷдиди як пули мавҷуда, сохтмони ду нақб бо дарозии беш аз се километрро дар бар мегирад ва то охири ҳамин сол ба истифода дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии қитъаи дуюми роҳ 1 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил карда, дар доираи он бунёди 47 километр роҳ, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, як пули муваққатӣ, нақби Тагикамар ба дарозии 2,6 километр анҷом дода, ин қитъа низ аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ ифтитоҳ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз