«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати комиссияи озмун баргузор шуд

13 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайати комиссияи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

 Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмун шинос намуд.

Дар ҷаласа доир ба баргузории даври якум ва дуюми озмун, баргузор намудани даври сеюми озмун ҳисоботи муфассал пешниҳод гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода доир ба омодагӣ ба даври сеюм ва тартиби баргузории он сухан намуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади озмун дар амал татбиқ намудани  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» мебошад.

Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шуда, ба тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ инъикос шавад.