РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри дарёфти ҳунармандони соҳибистеъдод дар самти истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳон озмуни шаҳрӣ эълон менамояд. Мавод барои иштирок дар озмун дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон то 20 сентябри соли равон  қабул карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Армуғони пешниҳодшуда бояд санъати миллиро инъикос намояд. Ҳамчунин дар армуғонҳо бояд манзараҳои зебои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва расму оини миллӣ инъикос гардида бошанд.Армуғони пешниҳодшуда бояд мазмуну муҳтавои баланд дошта, туҳфаи беҳтаринро таҷассум карда тавонад.

Маводи пешниҳодшуда набояд аз бозор харидорӣ гардад, балки он бояд маҳсули дасти ҳунарманд бошад. Муаллиф дар рӯзи баргузории озмун бояд онро муаррифӣ намуда, ҷараёни иҷрои онро нишон диҳад.

Дар озмун ҳунармандон ва сокинони шаҳри Бӯстон, ки ба истеҳсоли армуғон ва маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд ва дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, бо пешниҳоди маълумотнома аз ҷойи кор метавонанд иштирок намоянд.

Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида мешаванд.

Озмун бо мақсади тарғиби таҷрибаи беҳтарини ҳунармандон дар самти истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳон эълон  гардидааст.