Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»

Омӯзгори фанни таълими меҳнати Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Рашт Зубдахон Валиева 15 сол мешавад, ки ҳунарҳои миллӣ, хусусан қуроқдӯзиро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занони хонанишин меомӯзонад.

Ин омӯзгори ҳунарманд дар Муассисаи давлатии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт» таҳсил намуда, ҳунари қуроқдӯзиро аз модараш омӯхтааст. Имрӯз аз ҳунари омӯхтааш ҳам оиларо таъмин мекунад ва ҳам байни занони ноҳия ҳамчун зани фаъолу ҳунарманди шинохта соҳиби иззату эҳтиром аст.

«Ман хурсандам, ки шогирдони ман ҳунари қуроқдӯзиро нағз аз худ менамоянд. Ҳангоми ба шавҳар баромадан аз уҳдаи дӯхтани чодар, кӯрпа, кӯрпача ва болишт ба хубӣ баромада, ҳамзамон фармоиш қабул мекунанд»,-гуфт Зубдахон Валиева.

Ба андешаи ин зани ҳунарманд, назокату нафосати кори ҳунармандони асил сирри ниҳони худро дорад ва маҳсули дасти ҳар як ҳунарманд яке аз дигаре беҳтар буда, диққати бинандаро ҷалб менамояд.

Аслан калимаҳои «қуроқ» ё «қуроқдӯзӣ» маънои порчаҳои матоъро ба ҳам пайваст карда, нақш офариданро доранд. Ба воситаи ин ҳунар дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш ва чойнакпӯш медӯзанд.

«Санъати қуроқдӯзӣ- ин дӯхтани маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтан ё пайваст кардани порчаҳо ё боқимондаҳои матоъ ба ҳамдигар мебошад. Дар замони гузашта ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои мухталифи дунё ривоҷ ёфта буд. Дар замони муосир занони ҳунарманд ин касбро ба сатҳи волои ҳунарӣ расонидаанд. Мо, занони тоҷик имрӯз аз ин навъи ҳунари мардумӣ ба таври васеъ истифода мебарем»,-афзуд Зубдахон Валиева.

Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ҳар маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетикӣ, балки хусусияти хоси маҳаллии он низ зоҳир мегардад. Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусияти таҳҷоӣ ва нақшҳои геометрӣ тасвир меёбанд. Ба василаи қуроқдӯзӣ нақшҳои қадимӣ ва рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардум истифода шудаанд, зинда мегарданд.

Зубдахон Валиева давоми 15 соли фаъолияти омӯзгорӣ ва ҳунарӣ имсол аввалин маротиба соҳиби гранти президентӣ гардид. Ӯ аз он хурсанд аст, ки ба воситаи гранти президентӣ, ки маблағи бебозгашт аст, метавонад фаъолияташро рушд диҳад.

«Ман мехоҳам, ки бо маблағи гранти президентӣ таҷҳизоти нав харида, сафи занони ҳунармандро дар ноҳия зиёд намоям», — иброз дошт Зубдахон Валиева.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»