Аз 3 то 6 сентябр Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии «WorldFood Istanbul» баргузор гардид, ки дар он бори аввал 8 ширкати ватанӣ аз Тоҷикистон иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Намоишгоҳи байналмилалии «WorldFood Istanbul» яке аз намоишгоҳҳои калонтарини байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо мебошад. Давоми зиёда аз 30 сол Истанбул ба макони вохӯрии истеҳсолкунандагони маводи хӯроквории байналмилалӣ ва харидорони калидӣ аз Туркия ва дигар кишварҳо табдил ёфтааст.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 900 ширкати истеҳсолӣ ва харидорон аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дастовард ва навовариҳои техникиро дар соҳаи озуқаворӣ ба намоиш гузоштанд. Дар намоишгоҳи «WorldFood Istanbul» бори аввал стенди миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Стенди миллиро Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул Зоҳир Мирзозода, раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия Ҷиҳонгир Фикрӣ ва директори портфели ташкилкунандаи чорабинӣ ICA/WFI Семи Бенбанасте ифтитоҳ намуданд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои ватанӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро Исфара», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фабрикаи ширин», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Кӯҳистон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷфрут», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алӣ Априкот», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии меваҳо» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Ватан» маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Дар намоишгоҳ бо намояндагони шабакаҳои савдои чакана ва корхонаҳои яклухт, ки ба харидории маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, якчанд вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Дар натиҷаи мулоқотҳои хосса ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон