Намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи дуюми навбатии Шурои иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид – Занонро раисӣ намуд

11 сентябр ҷаласаи дуюми навбатии Шурои иҷроияи ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид – Занон таҳти раёсати муовини президенти Бюрои Шурои иҷроияи ин ниҳод – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни ҷаласаи Шурои иҷроия гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба вокунишҳои амалиётии занон вобаста вазъи минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон ва сафари Шурои иҷроия ба кишварҳои мавриди таваҷҷуҳ дар соли 2024 шунида шуда, 4 қарор қабул гардид.