Ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд

Дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона.

Ҳадафи сафар амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи нақшаи чорабиниҳое мебошад, ки дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ ба мувофиқа расидаанд.

Дар доираи сафар гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилооти зарурӣ ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» бо Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоии Тошканд, манораи муназзимӣ ва бахши шаҳрвандии маркази асосӣ шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» 13 августи соли 2024 аз ҷониби директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» Дониёр Ҷумаев ба имзо расид.