Дар ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл-2024», ки дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км баргузор гардид, беш аз 200 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»,-гуфт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқаи варзишии байналмилалӣ.
Ҳадафи ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко — «Ҳафткӯл -2024» тарғиби варзиши сабук- давидан ва дар маҷмуъ оммавигардонии варзиш, рушди сайёҳии экологӣ-варзишӣ, муттаҳидсозию ҷалби ҷавонон ба варзиш, омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл-2024» бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент гузаронида шуда, ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мусоидат менамояд.
Ба андешаи масъулини ин мусобиқаи варзишӣ, ниммарафони байналмилалии варзишиву солимгардонӣ дӯстдорони варзиши экологиву сайёҳии «трейлраннинг» -пиёдагардӣ дар масири кӯҳистонро ба ҳам оварда, ба таҳкими дӯстиву рафоқат мусоидат намуд.
Ҳамзамон ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд дар таҳкими риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва иштирокдорон, инчунин барқарорсозии саломатӣ нақши муҳим мегузорад. Трейлраннинг яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда буда, варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ овард. Бо иштирок дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии ЭКО «Ҳафткӯл-2024» иштирокдорон на танҳо қувва озмуданд, балки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, аз табиати зебову нотакрори водии «Ҳафткӯл» ҳаловат бурданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ниммарафони байналмилалии «Ҳафткӯл-2024» баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди соҳаи варзиш, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Варзишгарон дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр давиданд ва ғолибони ниммарафони байналмилалӣ бо мукофотпулӣ ва дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 қадрдонӣ гардиданд.
Варзишгари тоҷик Зоҳиршоҳи Наҷмиддин, ки дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саймуъмин Раҳимов мебошад, дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл -2024» дар масофаи 21 км сазовори ҷойи дуюм гардид. Зоҳиршоҳи Наҷмиддин дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ман соли сеюм аст, ки дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии «Ҳафткӯл» иштирок менамоям ва соли гузашта зинаи якумро гирифтам». Ин варзишгари тоҷик ҳоло дар деҳаи Туғании ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ фаъолият дошта, ният дорад дар оянда дар риштаи варзиши сабук шогирдонро ба камол расонад, то дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчамбардори давлату миллат бошанд. Зоҳиршоҳи Наҷмиддин шогирди мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ғайрат Неъматов буда, 8 сол аст, ки дар риштаи варзиши сабук машқу тамрин менамояд. Дар чандин мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ дар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Казоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон иштирок намуда, зинаҳои фахриро соҳиб шудааст.
Яке аз варзишгарони эронӣ, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ иштирок намуд, мегӯяд, ки маҳз бо шарофати дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд намудааст.
Ташкили ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон- Ҳафткӯл далели ин гуфтаҳо аст. Ин варзишгари эронӣ мегӯяд, ки ҷавонон ва варзиш бо ҳам тавъаманд, зеро машғул шудан ба варзиш, хусусан варзиши сабук ба ҷавонон таҳамтанӣ, шуҷоату далерӣ, чолокӣ ва тандурустӣ мебахшад.
Бояд гуфт, ки дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл» варзишгарони Узбекистон фаъолона иштирок намуда, зинаҳои якумро дар масофаҳои 21 км ва 10 км (байни занон) соҳиб гардиданд.
Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири иҷроияи Федератсияи варзиши сабуки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон Аббос Холматов гуфт, ки «ман дар марафонҳои байналмилалии дав, ки қаблан дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, бо шогирдонам иштирок доштам. Дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко Ҳафткӯл бори аввал иштирок дорам. Воқеан манзараҳои зебои водии Ҳафткӯл маро хеле тасхир намуданд. Дар ин ҷо варзишгарон на танҳо ба варзиш- дав машғул шуданд, балки аз ҳавои тоза, оби мусаффо ва манзараҳои табиати кӯҳистон, хусусан табиати ҷолиби Ҳафткӯл баҳра бардоштанд. Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл- 2024» дар сатҳи баланд бо иштироки варзишгарони давлатҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон доир гардид, ки аз тадбирҳои андешидаи созмондиҳандагони он медиҳад.
Донишҷӯи курси якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов Ҳусейн Қулов, ки дар ин ниммарафони байналмилалӣ дар масофаи 3 км ҷойи якумро соҳиб гардид, чунин гуфт: “Соли дуюм аст, ки дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко иштирок менамоям. Ман таҳти роҳбарии мураббиёнам Ҷамшед Расулов ва Ғулом Қулов, ки маро дастгирӣ менамоянд, ба ин чорабинии варзишӣ омода гардидам ва аз онҳо миннатдорам. Ман аз соли 2019 дар риштаи варзиши сабук тамрин менамоям. Дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ, аз ҷумла се маротиба дар Бозиҳои Осиё, Ҷоми Осиё, ки дар давлатҳои Кувайт, Узбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардиданд, иштирок намуда, натиҷаҳои хуб нишон додам. Дар оянда умед дорам, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи варзишӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардорам”.
Варзишгари рус Андрей Калинин, ки аз пойтахти Русия-шаҳри Москва барои иштирок дар ин чорабинии варзишии байналмилалӣ ба Тоҷикистон омада буд, дар суҳбат иброз намуд, ки “ман дар масофаи 21 км дар масири кӯҳистон давидам. Ман иштирокчии беш аз 100 марафони дав буда, бори аввал ба Тоҷикистон омадам ва то омаданам тасаввуроти ман нисбат ба Тоҷикистон тамоман дигар буд. Вақте вориди Тоҷикистон гардидам ва зебоиҳои нотакрори кӯҳистон, хусусан Ҳафткӯлро дидам, шигифтзада шудам. Бовар кунед, ҳангоми давидан дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл» манзараҳои ҷолиби табиат-кӯҳҳои баланд, обҳои мусаффо, кӯлу дарёҳо, олами наботот ва мардуми одӣ, ки хеле ҳалиму меҳрубонанд, қалби маро тасхир карданд. Аз ин рӯ, дар бисёр мавзеъҳои Ҳафткӯл истодам ва бо истифода аз фурсати муносиб зебоиҳои нотакрори ин мавзеи биҳиштосоро аксбардорӣ кардам. Як сабаби зуд ба марра нарасидани ман ҳам аксбардории манзараҳои афсункори табиати кӯҳистон буд. Ман гумон надоштам, ки Тоҷикистон ин қадар сарзамини зебову дилрабо ва диданӣ аст. Ният дорам, ки соли оянда ҳамроҳи оилаам барои истироҳат ва тамошо ба Тоҷикистон оям”.
Бо назардошти мушкилоти экологӣ, ки имрӯз дар сайёра ба вуҷуд омадааст, баргузории чунин мусобиқаҳои экологии варзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, рушди варзиши сабук ва оммавӣ намудани он мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Ҳафткӯл-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»