Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳунарҳои мардумӣ намоиш баргузор мегардад

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба баргузории намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ба муносибати дохил  гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии  ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ дар соли 2024 ҷаласаи кумитаи тадорукоти ин намоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар ҷаласа масъалаи дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор намудани намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» баррасӣ гардид.

Намоиш моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри имсол дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Даври аввали намоиш 17 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки дар он зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии тоҷикон ба маъраз гузошта мешавад.

Дар ҷаласа барои дар сатҳи баланд гузаронидани  намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.