Ба ифтихори ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, инчунин бо иштироки сарояндагону санъаткорон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабиниҳо сокинони шаҳри Роғун, меҳмонони дохилию хориҷӣ ва кӯдакону наврасон иштирок ва шодию хурсандӣ намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.
Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иброз намуд, ки «ҳамасола ба таври бошукуҳ таҷлил намудани Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони мамлакат ба ин ҷашни бузурги муқаддас аст. Зеро маҳз бо шарофати ҳамин рӯйдоди муҳими таърихӣ миллати мо ҳуқуқи ба таври соҳибихтиёр муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гардиданро ба даст овард. Маҳз бо корнамоии бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он марҳилаи сарнавиштсоз Ватан аз вартаи парокандагию нобудӣ раҳонида шуда, миллат аз гуруснагию бенавоӣ наҷот дода шуд».
Истиқлоли давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгонамон аҳамияти махсус диҳем. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба бедорию худшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани таърихи миллати тоҷик, расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»