Табиби тоҷик Сурайё Шукурова соҳиби ҷоизаи ҷаҳонӣ гардид

Табиби тоҷик, профессор Сурайё Шукурова бо ҷоизаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APLAR) қадрдонӣ гардид. Ҷоиза мукофоти бонуфузи тиббӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷаласаи навбатии Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз 21 то 25 августи соли 2024 дар Сингапур бо иштироки зиёда 25 ҳазор намояндаи соҳаи тарбодшиносӣ ва инчунин табибони дигар соҳаҳо баргузор гардид. Дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Сурайё Шукурова бо шогирдонаш иштирок намуд.

Дар ҷаласаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз байни мамлакатҳои дунё Сурайё Шукурова барои хизматҳои барҷаста дар соҳаи тарбодшиносӣ тавассути таълим, таҳқиқот ва хизматҳои касбӣ дар минтақаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, гузоштани саҳм дар ин соҳа ва омода намудани тарбодшиносони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи фахрии APLAR-MASTER-AWARD қадрдонӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — APLAR (Asia Pacific League of Associations for Rheumatology) соли 1963 дар Сидней таъсис ёфта, зиёда аз 25 ҳазор тарбодшиносонро аз саросари олам муттаҳид мекунад. Тарбодшиносони Тоҷикистон низ аъзои фаъоли ин лига ба ҳисоб мераванд.