13 сол қабл, дар рӯзи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 сентябри соли 2011 Парчами давлатӣ бо дарозии 2011 метр, ки ҳамчун рамз ба соли 2011 рабт дошт, дар ҷараёни тантанаҳои идона ба воситаи хиёбони Рӯдакӣ аз майдони «Дӯстӣ» тавассути беш аз 3000 нафар гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазни ин парчам 860 килограмм буда, дарозиаш 2011 ва паҳнояш 7 метрро ташкил медод. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои абрешим тайёр гардида буд.
Тибқи иттилои масъулин, парчам дар яке аз коргоҳҳои ИИ «Нассоҷии Тоҷик» дар зарфи ду ҳафта тайёр шуда, дар омода намудани он беш аз 20 нафар мутахассисону чеварон иштирок намуда будаанд.
АКС аз манбаъҳои боз