Дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023» дар шаҳри Душанбе 193 ҳазору 499 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда, буттагӣ ва ба миқдори 13 миллиону 147 ҳазору 315 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола шинонида мешаванд. Дар ин хусус аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳоло дар ҳудуди гулгашту хиёбон, кӯчаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 151 ҳазору 651 бех ниҳол шинонида шудааст. Инчунин ҷиҳати таъмини шукуфоӣ ва сарсабзии кӯчаву хиёбон ва шоҳроҳҳо ба миқдори 7 миллиону 619 ҳазору 587 дона гулҳо шинонида шуданд, ки аз ин 5 миллиону 300 ҳазору 598 ададаш гулҳои гуногунранги лола мебошад.
Мувофиқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» шинонидани 58 ҳазору 163 бех дарахтони ороишии навъи санавбар, можжевелник, туя, шулаш, олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз тарафи ташкилоту идораҳои муваззафшуда ба миқдори 48 ҳазору 552 бех ниҳол шинонида шудааст.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе дар ҳудуди «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» 4715 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида истодааст.
Ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасмим гирифтааст, ки дар мавзеи Обшорон, талу теппаҳои маҳаллаҳои Лучоб ва Гулдара иловатан 2000 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар ободу зебо ва шукуфон гардидани минтақаҳои пойтахт нақши сазовор гузорад.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе