1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти зебои замонавиро ифтитоҳ намуда, онро дар рӯзи оғози соли нави хониш туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф ва насли хуштолеъи кишвар номиданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таҳсил дар ин муассисаи нави таълимӣ зикр гардид, ки мактаб аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот бо дастгирӣ аз сиёсати ободкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил”, соҳибкори ватандӯст Маҳмуд Муродов дар зарфи як сол бунёд ёфтааст.
Мактаби нав аз 75 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шаҳри Душанбе муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ беш аз 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он ғайр аз бинои асосӣ ва иншооти ёрирасон ҳамзамон майдончаи футболи хурд бунёд гардидааст ва минбаъд омӯзгорону хонандагон аз чунин шароити мусоид метавонанд самаранок истифода намоянд.
Ба хотири мутобиқ сохтани муассиса ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин ҷо толори маҷлис бо 380 ҷойи нишаст, китобхона, толори барҳавои варзиш ва ошхона бо 348 курсӣ сохта шудааст.
Дар ин ҷо Сарвари давлат бо раванди фаъолияти барномаи электронии “eDonish”, ки тули 5 сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад, шинос шуданд.
Барномаи “eDonish” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи “Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҷумҳурӣ” аз соли 2020 тарҳрезӣ ва мавриди татбиқ қарор дошта, имрӯз 150 муассисаи таълимии ҳудуди пойтахт аз ин таҷрибаи пешқадам истифода мебаранд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои чунин иқдоми шоиста ва туҳфаи арзанда барои хонандагони пойтахт изҳори сипос намуданд.
Муассиса бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъмориву сохтмонӣ бо сифати баланд сохта шуда, ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва айёниятҳои хониш таъмин мебошанд.
Роҳбари давлат зимни шиносоӣ аз раванди таҳсил ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти босуръати илму технология насли хушбахти даврони истиқлол бояд донишманду босавод бошанд ва барои рушди Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Барои фаро гирифтани хонандагон бо омӯзиши касбҳои гуногун дар таҳхонаи бино синфхонаҳои касбомӯзӣ амал менамояд, ки бо тамоми шароит таъмин гардидааст. Ин тадбир ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари омӯзиши илм ҳамзамон касбҳои гуногунро аз худ намоянд.
Толори хониш дорои шароити мусоиди китобхонӣ буда, дар ин ҷо дар як вақт 100 нафар метавонад асарҳои адибони муосиру класикӣ ва китобҳои тозанашрро мутолиа намоянд.
Дар доираи корҳои ободонӣ бино пурра бо системаи гармидиҳӣ пайваст гардида, ҳамзамон дар ҳамаи толорҳои хониш ва синфхонаҳо камераҳои назоратӣ насб гардидааст, ки тавассути онҳо раванди таълим пайваста назорат карда мешавад.
Атрофи мактаб, ки 5 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад мумпуш ва сангфарш гардида, бо шинонидани 200 бех ниҳоли дарахти ороишию сояафкан, чароғонкунӣ ва сабзгардонӣ саҳни бино ба як макони зебою назаррабо табдил дода шудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамдилии соҳибкорони ватанӣ бо сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи рӯзи дониш танҳо дар пойтахти кишвар 6 иншооти муосири соҳаи маориф бо беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Таъкид гардид, ки якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замон дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Мулоқоти имрӯза ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва бинокорон, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба рушди соҳаи маориф ва дастгирии соҳибкорон аз сиёсати созанда дар ин самт андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар зарфи чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи маориф мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тайи солҳои 2017 — 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 000 нафар хонанда мактабҳои замонавии дорои шароиту имкониятҳои беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Президенти кишвар изҳор доштанд, ки тибқи тасмимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе танҳо дар соли равон барои беш аз 12 ҳазор фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд намуда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахт бамаротиб беҳтар мегардонанд. Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 кӯдак босуръат идома дорад.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии кишвар ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба афзоиши шумораи аҳолӣ ва зарурати бунёди муассисаҳои зиёди иловагии таълимӣ, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад. Ба тақвияти ин андеша ҳамчунин муқоиса намуданд, ки соли равон 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карданд ва 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул шуданд. Бо овардани ин омор изҳор доштанд, ки ҳар сол бунёди 380 мактаби нав зарур мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи аз таҳсили илму дониш ва касбу ҳунар дур мондани шумораи муайяни наврасону ҷавонон, ба хусус ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба аҳамияти бо дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.
Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт карда, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони саодатманди кишварро ба илм омӯхтан, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён шудан ҳидоят намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат ҳар коре, ки Ҳукумати кишвар ба анҷом мерасонад, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати насли оянда мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё созанд, то ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта сохта тавонанд.
Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён ва ҳамватанони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, инчунин, 33-солагии ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба онҳо барори кор ва ба донишҷӯёну хонандагони кишвар саломативу хониши аъло орзу намуданд.