Тоҷикистон бо Маркази фарҳангии Осиёи Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея ҳамкориро ба роҳ мемонад

30 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Директори Маркази фарҳангии Осиёи Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея Ли Донгҳёг мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.

Ҷонибҳо мавзуи тақвияти  ҳамкориро дар соҳаи фарҳанг, тарғиби мероси фарҳангии ғайримоддии мамлакатамон, аз ҷумла муаррифии он  дар намоишгоҳҳои Маркази мазкур баррасӣ намуданд.