Директори ширкати сайёҳии «Саразм-5500»-и шаҳри Панҷакент дар ҳамоиши «Роудшоу Тоҷикистон- Эрон», ки дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Вазорати саноати дастӣ, мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон иштирок намуда, роҳҳои тавсеаи гардишгариро баррасӣ намуданд.
Ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати сайёҳии «Саразм-5500» ва Ҷумҳурии Исломии Эрон созишномаҳо оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Таъкид гардид, ки дӯстдорони сайёҳӣ дар Эрон ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 августи соли 2024 байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон дар хатсайри ҳавоии Душанбе-Теҳрон низоми бе раводид амал мекунад, ки ба рушди сайёҳии давлатҳои ҳарду ҷониб мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент