Вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масоили обу иқлимро баррасӣ намуданд

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ, муътадил нигоҳ доштани  ҳавои атмосфера ва мувозинати табиии устувор, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва идоракунии устувории гуногунии биологӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи ин барнома то соли 2040 шинонидани 2 миллиард бех дарахт пешбинӣ шудааст. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода  28 август дар  Конфронси вазирони  ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё оид ба масъалаҳои экологӣ, ки дар он ба таври маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус   АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки “ин конфронс ба мо имкон медиҳад, ки талошҳоро дар мубориза бо чолишҳои экологӣ муттаҳид созем, зеро мушкилоти экологии сайёра табиати фаромарзӣ дорад ва барои ҳалли онҳо ҳамкории муштараки   давлатҳоро тақозо мекунад”.

Тоҷикистон давлате аст, ки роҳи баромад ба баҳр надорад ва ифлосшавии ҳаво мушкилоти ҷиддии экологӣ буда, ба саломатии аҳолӣ ва вазъи муҳити зист таъсир мерасонад. Саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз аст ва аз рӯи ҳаҷми чунин партовҳо Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷои 130-юм қарор дорад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ноил шудан ба пешрафт дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор тавассути татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва рукнҳои он то соли 2030 мебошад.

Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар назди Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, Протоколи Киото ва Созишномаи Париж масъулият дорад. Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 амалӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон соли сеюм аст, ки павилиони миллии худро дар Конфронси тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29), ки имсол дар Озарбойҷон баргузор мегардад,  муаррифӣ мекунад. Дар конфронсҳои қаблии тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буданд, Тоҷикистон пешрафтҳоро дар самти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла талошҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия намоиш дода буд.

Дар конфронс  Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи “сабз” яке аз давлатҳои пешрафтаи сайёра мебошад, зеро 98 дарсади неруи барқи худро аз неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунад ва аз рӯи фоизи энергияи «сабз» аз манобеи барқароршавандаи тавлидшуда дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2032 ин нишондиҳандаро ба 100 фоиз расонад, яъне то соли 2037 истеҳсоли неруи барқро бо истифода аз захираҳои сабз ба таври комил ба роҳ монда, Тоҷикистонро ба «мамлакати сабз» табдил диҳад.

Дар ин замина бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоя ва технологияҳои «сабз» ба иқтисодиёт Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037-ро қабул ва амалӣ менамояд. Гуногунии биологии Тоҷикистон ба далели шароити гуногуни иқлимӣ ва топографияи ҷумҳурӣ маҷмуи беназири набототу ҳайвонот мебошад, ки барои зисти беш аз 6,5 ҳазор намуд растаниҳои олӣ ва бисёр намояндагони олами ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва эндемикӣ хос аст. Тағйирёбии иқлим ба вазъи экосистемаи минтақа таъсири манфӣ расонида, бисёр намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ дар арафаи нестшавӣ қарор доранд. Яке аз чунин намудҳо бузи кӯҳии морхӯр мебошад.

Бо мақсади ҳифз ва афзоиши бузи морхӯр бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон 2 майи соли 2024 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 май Рӯзи байналмилалии Морхӯр эълон карда шуд.

Дар 30 соли охир майдони умумии манотиқи ҳифзшаванда дар Тоҷикистон аз 2,8 фоизи  соли 1991 то 22 фоизи   қаламрави ҷумҳурӣ дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Боғи миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин минтақаи ҳифзшаванда дар ҷумҳурӣ аст, аз соли 2013 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва соли 2023 ҷангалҳои туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд. Дар айни замон мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» барои баррасӣ ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ гардидааст.

-Дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нақши фаъол ва калидии Тоҷикистонро дар татбиқи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунад,- афзуд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи гуфт Баҳодур Шерализода, бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025  ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудани 21 март қабул шуда, «Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Тоҷикистон саҳми аввалини молиявии худро ба ин фонди эътимодбахш гузошт ва умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба ин фонд саҳм мегузоранд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2025 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Ҳар кишвар дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ дастовардҳо дорад. Бо табодули дониш, таҷрибаи пешқадам ва технология мо метавонем қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист ва таъмини устувории экосистемаҳои худро мустаҳкам кунем. Мо бояд барои таҳияи системаҳои огоҳкунии бармаҳал аз ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак амалӣ намуда, оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамкорӣ намоем.

Дар конфронс вазирони ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Бангладеш, Камбоҷа, Чин, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Муғулистон, Фаластин, Қатар, Корея, Русия, Шри-ланка,  Таиланд, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ветнам иштирок намуда, оид ба масъалаҳои ифлосшавии ҳаво, тағйирёбии иқлим, устувории иқтисодиёти “сабз”, гуногунии биологӣ ва оби тоза сухан намуданд.

Дар анҷоми конфронс изҳороти муштарак қабул гардид.