27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар доираи коммуникатсияҳои минтақавии нақлиётӣ, аз ҷумла афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёна ва барқарорсозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанберо матраҳ намуданд.
Инчунин иштироки намояндагони бахши соҳавии Тоҷикистон дар иҷлосияи 29 Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку баррасӣ гардид.
Ҳамзамон доир ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории соҳавии дуҷониба байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон табодули афкор анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон