Барои сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гулгашти замонавӣ бо гузоштани пайкараҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз қабили Марко Поло, бабри барфӣ, оҳуи бухороӣ ва бузи пармашох (морхӯр), ки бо дизайни замонавӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо санги мармар сохта шудаанд, таъсис ёфт.
Тибқи иттилои сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмад Акрампур, масоҳати умумии гулгашт чор ҳазор метри мураббаъ буда, дар баробари гулзор ва сабзазор гаштани гулгашт ҳамчунон роҳравҳо бо санги хоро оро ёфтаанд. Барои таъмини фароғати сокинон дар вақти шабона атрофи гулгашт бо равшанӣ таъмин гаштааст.
Пайкараи гӯсфанди Марко Поло 1,5 тоннаро ташкил дода, дар меҳвари асосии гулгашт қарор дорад. Зеро гӯсфанди Марко Поло яке аз нодиртарин ҳайвоноти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Мавзеи сукунати Марко Поло дар ҳудуди Помири шарқӣ паҳн гашта, дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад.
Дар асоси маълумоти Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи баҳисобгирии соли 2009 саршумори он 24 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади истироҳати шаҳрвандон чанд соли охир бо дастур ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд боғ бунёд ва гулгаштҳои замонавӣ сохта шуданд, ки дар таъмини фароғати сокинон, меҳмонон ва сайёҳон нақши муҳим мегузоранд. Бо заҳматҳои шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахт ба яке аз шаҳрҳои амну осоишта ва сулҳу субот табдил ёфта, шаҳрвандон имкон доранд дар дилхоҳ вақту соати мусоид аз иншооти фароғатӣ истифода баранд.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе